Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди захмиён дар Қирғизистон ба 31 нафар расидааст


Бодканд, 15-уми сентябри 2022
Бодканд, 15-уми сентябри 2022

Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, дар даргирии 16-уми сентябр дар марзи ин кишвар бо Тоҷикистон 31 нафар захмӣ шудааст.

Ба иттилои бахши қирғизии Радиои Озодӣ, онҳо бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористони вилояти Бодканд ҳастанд.

Пештар хабаргузории "Рейтерс" дар бораи кушта шудани як нафар дар Исфара хабар дода буд.

Ҷониби Тоҷикистон ба таври расмӣ дар бораи захмиён ва ё кушташудаҳо маълумоте надодааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG