Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Озарбойҷон сармуҳаррири нашрияи мухолиф ва як вакили мудофеъро ҳабс карданд


Авяз Зейналлӣ, сармуҳаррири нашрияи "Хурал"
Авяз Зейналлӣ, сармуҳаррири нашрияи "Хурал"

Додгоҳи шаҳри Бокуи Озарбойҷон рӯзи 11 сентябр сармуҳаррири нашрияи мухолифи "Хурал" Авяз Зейналлӣ ва вакили мудофеъ Элчин Садиговро ба ҳабс гирифт. Онҳо дар порагирӣ гумонбар мешаванд.

Ҳомиёни ҳуқуқи озарбойҷонӣ ҳабси Зейналлӣ ва Садиговро таъқиби сиёсӣ унвон карданд.

Пештар расонаҳои рӯ ба ҳукумати Озарбойҷон Зейналлиро дар порагирӣ аз як тоҷир айбдор карданд. Вакили он тоҷир Садигов дар мусоидат кардан ба порагирӣ айбдор шуд. Зейналлӣ ва Садигов айбҳоро рад мекунанд.

Тоҷир Расим Мамедов, мудири ширкати оҳангудозии Baku Steel Company моҳи феврали соли 2021 бо айби ғорати 32 миллион доллар боздошт шуда буд. Мамедов айби эълоншударо рад мекунад.

XS
SM
MD
LG