Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон омори нави додугирифтро бо Чин эълон кард


Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар Тоҷикистон гуфт, ки додугирифти Душанбе бо Пекин дар ҳафт моҳи имсол ба 766 миллион доллар расид, аммо нагуфт, ки фарқи омори ду кишвар аз баҳри чист.

Ҷониби Чин моҳе пеш додугирифти молро бо Тоҷикистон (содироту воридот) танҳо дар нимсолаи аввал 1 миллиарду 170 миллион доллар ҳисоб карда буд.

Мақомот дар гузашта омори фарқкунандаи додугирифти Тоҷикистону Чинро ба гуногунии тарзи ҳисоб рабт додаанд. Баъзе аз коршиносон боварбахш намедонанд, чун ба гуфтаи онҳо, ин фарқият асосан ба молҳои воридотӣ аз Чин ба Тоҷикистон рабт доранд.

Дар умум, Тоҷикистон ба Чин ҳудуди даҳ номгӯй молу маҳсулот содирот кардааст, ки беш аз 99 дарсадаш тилою маъдани дорои консентрати металҳои гаронбаҳо мебошад, содирот кардааст. Рӯйхати молҳои воридотӣ аз Чин зиёда аз се ҳазор номгӯйи маҳсулотро дар бар мегирад.

Чин дар рӯйхати се кишвари асосии шарики тиҷоратии Тоҷикистон аст ва аз соли 2013 унвони шарики стратегиро дорад.

Ба иттилои Вазорати молияи Тоҷикистон, 34 дарсади қарзи хориҷии Тоҷикистон (1,39 миллиард доллар) низ аз Чин аст.

Намояндагони созмонҳои мухолифон пайваста ҳукумати Тоҷикистонро барои пойбандии сахт аз Чин танқид мекунанд, аммо мақомот ҳамвора мегӯянд, ки ҷои нигаронӣ нест ва дар муносибат бо кишварҳо, аз ҷумла Чин "ҳадди" худро мешиносанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG