Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди ҳукми қатл барои озори ҷинсии кӯдак дар Қирғизистон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Чанде аз вакилон дар Қирғизистон пешниҳод кардаанд, ки барои кӯдакозорон ҳукми қатл таъйин шавад. Ин пешниҳод рӯзи 7-уми сентябр ва баъди ошкор шудани таҷовуз ба номуси хонандаи мактаб дар ноҳияи Қадамҷои он кишвар садо дод.

Вакил Ирисбек Отаҷонов пешниҳод кард, ки барои дарёфти иттилои бештар роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ба порлумон даъват шавад.

"Ин фоҷиаи миллӣ аст ва ин бори аввал нест, ки рух медиҳад. Мо бояд тасмими қатъӣ бигирем, барои кӯдакозорон (педофилҳо) ҷазои қатл таъйин кунем. Биёед, кумисюн ташкил ва масъалаи ворид кардани тағйиротро баррасӣ мекунем", - гуфт Отаҷонов.

Вакилони дигар низ аз ин пешниҳод ҷонибдорӣ карданд.

Рӯзи 4-уми сентябр дар деҳаи Ноогардани шоҳроҳи Ӯш-Раззоқови Қирғизистон дар дохили нақби обгузар ҷасади духтари 14-сола ёфт шуд. Ба гумони даст доштан дар ин куштор се сокини ноҳияи Қадамҷой боздошт шудаанд.

Кормандони пулис гуфтанд, дастони духтар баста ва дар гарданаш изи даст буд.

Ҳангоми ҷустуҷӯ мошини яке аз гумонбарон пайдо гардид, ки дар дохили он далелҳои шайъӣ мавҷуд будааст.

Ба иттилои ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Қирғизистон Атир Абдраҳматова, бештари парвандаҳои марбут ба хушунати кӯдакон то охир пайгирӣ намешаванд. Пештар вай гуфта буд, ки дар соли 2021 104 ҳолати хушунат нисбати кӯдакон сабт шудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG