Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумисюни Аврупо ба Украина ним миллиард евро медиҳад


Кумисюни Аврупо ба Украина ба маблағи 500 миллион евро ёрӣ мекунад. Намояндаи расмии Кумисюн, Эрик Мамер, рӯзи 5-уми сентябр гуфт, ҷонибҳо дар ин маврид санад имзо кардаанд. Ин иттилоъро сарвазири Украина Денис Шмигал тасдиқ кард.

Хабар дода мешавад, бастаи кумакҳо барои пуштибонӣ аз шахсоне сарф мешавад, ки дар дохили Украина аз як ҷо ба ҷои дигар кӯчидаанд. Ҳамчунин, кишоварзон аз ин ёриҳо бархурдор хоҳанд шуд. Мақомоти Украина метавонанд, ин маблағҳоро дар бахши маориф низ сарф кунанд.

Пештар аз ин расонаҳо хабар доданд, Иттиҳоди Аврупо ба Украина ба маблағи 5 миллиард евро мадад хоҳад кард.

Ба илова, Кохи Сафед тасмим дорад, барои харидани ҳавопаймоҳои низомӣ ва кумак ба буҷаи Украина 11,7 млрд доллар ҷудо кунад. Ин маблағҳо дар семоҳаи аввали соли 2023 ба Украина расонида хоҳанд шуд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG