Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лаврову Муҳриддин дар Маскав аз чӣ хоҳанд гуфт?


Сироҷиддин Муҳриддин ва Сергей Лавров. Акс аз бойгонӣ

Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Русия рӯзи 5-уми сентябр дар Маскав дидору гуфтугӯ хоҳанд кард.

Намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова ба хабаргузории ТАСС гуфтааст, Сергей Лавров ва Сироҷиддин Муҳриддин барномаи чорабиниҳои муштараки Тоҷикистону Русияро дар соли равон баррасӣ мекунанд.

Ба қавли ӯ, “ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, башарӣ, фарҳангӣ, мудофиа, муҳоҷират, омӯзиши кадрҳо ва ҳамчунон амнияти биологӣ ва иттилоотӣ” аз мавзуъҳои дигари суҳбат будааст.

Русия имсол нақша дорад, аз ҳисоби худаш 750 шаҳрванди Тоҷикистонро ба донишгоҳҳояш қабул кунад.

Бар пояи мувофиқати раҳбарони Русияву Тоҷикистон дар оянда то як ҳазор донишҷӯйи тоҷикистонӣ ҳамчун дар бахши буҷавии донишгоҳҳои Русия таҳсил хоҳанд кард.

Хабаргузории ТАСС тахмин кардааст, ки вазирони ду кишвар масъалаи муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистонро ба Русия, ки шумораи онҳо аз як то якуним миллион нафар аст, арзёбӣ хоҳанд кард.

Муҳоҷирон пайваста аз нақзи ҳуқуқашон дар Русия шикоят доранд ва мақомоти Тоҷикистонро ба бепарвоӣ ва ҳимоят накардан аз онҳо танқид мекунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG