Рӯзи 3-юми сентябр ҳазорҳо нафар барои ширкат дар маросими видоъ бо президенти собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ Михаил Горбачев рафта буданд, ки ӯро меъмори ислоҳоти калидии поёни қарни 20 меноманд. Президенти Русия Владимир Путин намоишкорона дар ин маросим ширкат накард ва Кремлин гуфт, ки ӯ дунболи корҳои нақшавиаш рафтааст.
Тобути Горбачевро зери парчами Русия дар толори таърихии Колоннии шаҳри Маскав гузоштанд. Аз замони шӯравӣ маъмулан маросимҳои видоъ бо раҳбарони калони давлат дар ҳамин толор ташкил мешуд. Дар назди қабраш духтараш Ирина ва ду наберадухтараш нишаста буданд. Горбачевро рӯзи 3-юми сентябр дар қабристони Новодевичйе дар канори ҳамсараш Раиса ба хок месупоранд.
Аз миёни раҳбарони хориҷӣ дар ин маросим нахуствазири Венгрия Виктор Орбан иштирок кард. ИМА гуфт, ки сафираш дар Русия Ҷон Салливан дар ин маросим иштирок мекунад. Аз миёни мақомоти Русия собиқ президент Дмитрий Медведев дида шуд.
Ӯ 30-юми август дар синни 91-солагӣ бар асари бемории тӯлонӣ дар беморхона даргузашт. Горбачев соли 1985 раҳбари Иттиҳоди Шӯравӣ шуд ва ислоҳоти мавсум ба Перестройкаро ба роҳ монд, ки дар ниҳоят боиси суқути Иттиҳоди Шӯравӣ, аз байн рафтани девори Берлин, боз шудани марзҳои Аврупо ва хатми Ҷанги Сард бо ғарб шуд. Мунаққидонаш ӯро барои пош хӯрдани СССР ва мушкилоти фаровони иқтисодиву иҷтимоии миллионҳо сокинаш айбдор мекунанд.