Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарҳои ба ҳам зид аз Тоҷикистон ба мероси сиёсии Горбачев. ВИДЕО, САДО


Михаил Горбачев бо ҳамсараш Раиса
Михаил Горбачев бо ҳамсараш Раиса

Дар Тоҷикистон ба мероси сиёсии Михаил Горбачёв, раҳбари охирини Иттиҳоди Шӯравӣ, ки дар 91-солагӣ даргузашт, назарҳои комилан зидди ҳам доранд. Бархе аз ӯ ҳамчун “як симои бузурги таърихи ҷаҳон” ёд мекунанд, иддае дигар мегӯянд, "бо сиёсатҳои ғалат” сабаби фурӯпошии як давлати аз назари онҳо “иҷтимоиву раиятпарвар” ва сар задани ҷангу ноамниҳо дар ҷумҳуриҳои Шӯравӣ шуд ва ба вазъи сангини имрӯза асос гузошт.

Ҳарчанд сарони бисёре аз кишварҳо дар номаҳои ҳамдардии худ аз нақш ва мероси Михаил Горбачев ҳарф задаанд, таслияти президенти Тоҷикистон хеле кӯтоҳ ва умумист. Дар он танҳо навишта шудааст, ки “хабари даргузашти Михаил Сергеевич Горбачёв боиси андӯҳи мо гардид.”

Профессор Иброҳим Усмонов, мушовири пешини раиси ҷумҳури Тоҷикистон, мегӯяд, пошхӯрии Шӯравӣ дар аҳди раҳбарии Горбачёв симояшро барои ӯ “ҳамчун шахсияти манфии сиёсӣ” муаррифӣ кард.

“Вақте ҷоизаи Нобелро мегирифт, дар Шветсия, гуфт, он ислоҳоте, ки дар давлати Шӯравӣ кардам, барои Шумо, аврупоиҳо, бештар даркор буд. Худаш ба худаш баҳо дод, ки чӣ кор кард,” – гуфт Иброҳим Усмонов рӯзи 31-уми август.

Ба қавли ӯ, Горбачёв “натанҳо як давлат, балки як қудрати ҷаҳонӣ ва як системаро барҳам зад.” Ба назари иддае дигар аз таҳлилгарони тоҷик, Михаил Горбачёв “наҷотдиҳандаи миллионҳо нафар аз қабзаи пӯлодини Шӯравӣ ва тақдимгари озодиву озодихоҳӣ ба кишварҳои таҳти султаи Шӯравӣ” буд.

Таҳлилгар Абдумалик Қодиров ба Радиои Озодӣ гуфт, “Горбачёв барои ҳар як фарди Иттиҳоди Шӯравӣ як нафаси озод овард. Ончи Горбачев дар натиҷаи озодиҳои сиёсӣ фароҳам овард ва Иттиҳоди Шӯравӣ пош хӯрд, ин айби Горбачёв нест. Онҳое, ки ҷоҳталаб буданд ва онҳое, ки мехостанд ба қудрат биёянд, аз ин фурсат истифода карда, чунин як кишвари бузургро пора-пора карданд.”

Ба қавли Қодиров, то замони ба қудрат омадани Горбачёв Иттиҳоди Шӯравӣ гирифтори бӯҳрони иқтисодиву сиёсӣ шуда буд.

Видеоро дар инҷо бинед:

Вокунишҳо аз Тоҷикистон ба мероси Михаил Горбачёв
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:43 0:00

Гуруҳе аз сиёсатмадорон Михаил Горбачёвро шахсияти фаротар аз Иттиҳоди Шӯравӣ, “шахсияти бузург дар таърихи инсоният медонанд”.

Ба назари сиёсатмадор, Давлат Худоназаров, ҳадафи асосии Горбачёв рушди давлат ва озодии одамон буд. Ӯ рӯзи 31-уми август дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт: "Мақсади асосиаш баргардондани давлати Советӣ ба он ниятҳое буд, ки дар аввали аввал буданд. Яъне, давлат бояд ҳаматарафа ҳаракат кунад, ки инсон озоду хушбахт бошад. Афсӯс, атрофиёнаш ва онҳое, ки аз ӯ дур буданд, сарфаҳм нарафтанд, ки ин шахс метавонад ба ҳар як нафари давлати Шӯравӣ имкон диҳад, ки аз як сатҳи поин ба боло барояд. Горбачев аз ин нуқтаи назар дар як фоҷеаи бузург уфтод. Агар пешрафт мешуд, ба фоидаи Тоҷикистон ҳам мешуд. Ман ӯро аз наздик мешинохтам ва фикр мекунам, инсони аслӣ буд.”

Давлат Худоназаров дар бораи Михаил Горбачев
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:24 0:00
Линки мустақим

Як пурсиши сарироҳии хабарнигорони Радиои Озодӣ дар Душанбе нишон дод, ки сокинони оддӣ ҳам ба шахсияти Михаил Горбачёв назари гуногун доранд. Яке аз мусоҳибони мо гуфт, "ӯ бояд Шӯравиро аз ҳам ҷудо намекард, Шӯравӣ меистод."

Дигаре афзуд, "Михаил Горбачёв ба мо истиқлол овард. Бо пешниҳоди ӯ соҳибистиқлол шудем.”

Роҳгузаре посух дод, "даврае, ки ӯ раҳбар буд, мо донишҷӯ будем. Рости гап, вақте табаддулотро ба вуҷуд оварданд, хурсанд шудем, лекин вақте дар табаддулот дохил шудему ҷудо шудем, каме зиқ ҳам шудем.”

Назари мардум дар инҷост:

"Дар оғози табаддулот шод шудем, баъд пушаймон”
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:16 0:00

Михаил Горбачёв шаби 30 ба 31-уми август дар 91-солагӣ дар шаҳри Маскав даргузашт. Расонаҳои русӣ бо такя ба масъулони Бемористони марказии Маскав навиштанд, Горбачёв "пас аз як давраи дарози бемории сахт ҷон дод."

Горбачёв аз соли 1985 то 1991 қудратро ба даст дошт ва робитаҳои Амрико ва Иттиҳоди Шӯравиро беҳбуд бахшид, охирин раҳбари зиндаи даврони Ҷанги Сард буд.

Дар аҳди ӯ Ҷанги Сард бо Ғарб хотима ёфт, артиши Иттиҳоди Шӯравӣ аз Афғонистон берун оварда шуд, аввалин интихоботи озод баргузор гардид ва аз нақши "раҳбарикунандаву пешбаранда"-и Ҳизби коммунистӣ дар қаламрави Аврупои Марказиву Шарқӣ даст кашида шуд. Соли 1990 Михаил Горбачёв барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел гардид. Декабри соли 1991, баъди суқути Иттиҳоди Шӯравӣ аз мақоми президенти ин кишвар канор рафт.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG