Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико қоидаи қабули паноҳҷӯёни афғонро “сабук” мекунад


Паноҳҷӯёни афғонистонӣ
Паноҳҷӯёни афғонистонӣ

Мақомоти Амрико гуфтанд, тарзи қабули паноҳҷӯёни афғонистониро тадриҷан тағйир дода, бо роҳи нисбатан осонтар, шумораи бештари онҳоро дар хоки худ ҷой хоҳанд дод.

Қоидаи нав аз 1-уми октябр ба иҷро медарояд.

Амрико мегӯяд, паноҳҷӯёнро аз Афғонистон на бар асоси визаи гуманитарие қабул хоҳанд кард, ки одатан аз хоки кишвари сеюм гирифта мешавад, балки мустақим ба Иёлоти Муттаҳида мебаранд.

Сухангӯи Кохи Сафед Карин Жан-Пйер гуфт, маъмурияти президент Ҷо Байден барномаи наверо қабул мекунад ва он ба гурӯҳи афғонистониҳое рабт дорад, ки мехоҳанд, ба назди ҳамқавмонашон ба Амрико бираванд.

Баъди ба сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон ва фирори бебандубори мардум аз ин кишвар дар хоки Амрико 86 ҳазор афғонистонӣ сарпаноҳ ёфтанд.

Ҳамаи онҳо бар пояи визаи гуманитарие вориди кишвар шуданд, ки барояшон ҳаққи ду сол зиндагӣ кардан дар Амрикоро фароҳам мекунад. Ин барнома барои ҳалли босуръат ба ин қишри мардум лозим буд.

Кори хадамоти муҳоҷират зиёд аст ва ҳоло мардуми зиёди дигар дар интизори кӯчидан ба Амрико дар Покистону кишварҳои дигар қарор доранд.

Бисёре аз онҳо барои ҳамкорӣ бо амрикоиҳову хориҷиҳо метавонанд, мавриди таҳдиди режими Толибон бошанд.

Жан-Пйер гуфт, ҳоло ҳукумат талош дорад, ки ба зудтарин фурсат мардуми интизори ҳаққи вуруд ба Амрикоро ҳам бикӯчонад. Мақомот гуфтанд, як ҳадафи онҳо ба ҳам овардани аъзои оилаҳо ва ҳам ба онҳо додани ҳаққи иқомати доимӣ дар Амрик аст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG