Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муфаттишони Оҷонс дар роҳ ба минтақаи ҷангзадаи Украина


Нерӯгоҳи ҳастаии Запорожйе

Гурӯҳе аз муфаттишони Оҷонси байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ рӯзи 31-уми август озими минтақаи Запорожйеи Украина мешаванд.

Нигаронӣ зиёд аст, ки бар асари ҷангҳо нерӯгоҳи ҳастаии ин минтақаи ҷангзадаи ҷануби Украина метавонад, сабаби фоҷеаи бузург шавад.

Рафаэл Гросси, раиси Оҷонси байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ, изҳори умед кардааст, ки ин бунгоҳи СММ дар Украина як намояндагии доимӣ боз намуда, вазъи нерӯгоҳи бузургтарини Аврупоро назорат мекунад.

Гросси дар шаҳри Киев гуфт, ҳам Русия ва ҳам Украина ба сафари ҳайати муфаттишон мувофиқат кардаанд.

Ӯ афзуд, ҳайат давоми чанд рӯз вазъи нерӯгоҳро омӯхта, сипас, ба Киев бармегардад ва дар ин бора гузориш хоҳад дод.

Президенти Украина Владимир Зеленский тафтиши нерӯгоҳи Украинаро яке аз масъалаҳои муҳимтарини амниятӣ барои Украина ва тамоми олам номид.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG