Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти сарони СҲШ боиси таъхир дар оғози соли хониш шуд


Самарқанд

Раёсати маорифи шаҳри Самарқанди Узбекистон хабар дод, ки дар робита ба нишасти сарони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) соли нави хониш дар мактабҳои шаҳр аз 19-уми сентябр оғоз хоҳад шуд.

"Бо мақсади ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини амният дар рафти чорабиниҳои гуногун, ҳамчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои аҳолӣ ба маълумоти шумо мерасонем, ки раванди таълим дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Самарқанд аз 19-уми сентябри имсол оғоз мегардад", - иттилоъ додааст хадамоти матбуотии раёсат.

Раёсати маорифи Самарқанд афзуда, ки соатҳои дарсӣ аз ҳисоби таътилу рӯзҳои истироҳатӣ ҷуброн карда мешаванд.

Ҷаласаи навбатии сарони СҲШ рӯзҳои 15-16-уми сентябри имсол дар Самарқанд баргузор мешавад.

Узбекистон, Русия, Чин, Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Ҳиндустон, Покистон ва Эрон узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой мебошанд. Афғонистон, Муғулистон ва Беларус нозир ҳастанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG