Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар боздоштгоҳи Бишкек ҷасади як гумонбарро ёфтанд


Хадамоти иҷрои ҷазои ҷиноии Қирғизистон хабар дод, ки 28-уми август яке аз дастгиршудаҳо дар боздоштгоҳи муваққатии рақами яки шаҳри Бишкек ба ҳалокат расид.

Ба иттилои хадамот, ҷасади марди 35-соларо ҳамутоқонаш пайдо кардаанд.

Ин мард бо гумони фирор аз маҳбаси сукунатии вилояти Чуй 26-уми август ба боздоштгоҳи Бишкек интиқол ёфта буд.

Хабаргузории 24.kg бо истинод ба наздикони ҳалокшуда навиштааст, ки эҳтимол меравад, ӯро ба қатл расонда бошанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG