Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зеленский ба нерӯҳои Русия гуфт, "ба хонаи худ равед"


Владимир Зеленский
Владимир Зеленский

Раисҷумҳури Украина аз нерӯҳои Русия хостааст, аз шаҳри стратегии Херсон, ки аз оғози ҷанг аз тарафи Русия ишғол шуда буд, бигурезанд.

Владимир Зеленский гуфт, артиши Украина дар онҷо ҳамларо оғоз кардааст ва минтақаро бозпас мегирад.

Ӯ дар паёме шаби 29-уми август ваъда дод, ки нерӯҳои украинӣ сарбозони Русияро "то сарҳад" таъқиб хоҳанд кард.

"Агар низомиёни Русия зинда мондан мехоҳанд, вақташ расидааст, ки бигурезанд. Ба хона равед," – афзуд ӯ.

Пештар Алексей Арестович, мушовири раисиҷумҳури Украина, гуфт, нерӯҳои кишвараш киштиҳоеро, ки Русия барои таъмини бахше аз қаламрави ишғолӣ дар соҳили ғарбии рӯдхонаи Днепр дар вилояти Херсон истифода мекунанд, тирборон хоҳанд кард.

Сухангӯйи Шӯрои амнияти миллии Амрико Ҷон Кирбӣ гуфт, ин иқдоми Украина ба тавонмандиҳои низомии Русия таъсир мерасонад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG