Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон дар остонаи имзои қарордоди хариди гази моеъ ва бензин аз Русия


Мақомоти ҳукумати Толибон мегӯянд, дар марҳилаи поёнии гуфтугӯ бо Маскав бар сари қарордоди хариди гази моеъ ва бензин аз Русия ҳастанд.

Ҳабибраҳмон Ҳабиб, сухангӯи Вазорати молияи ҳукумати Толибон, рӯзи 29-уми август ба хабаргузории "Рейтерз" гуфтааст, як ҳайати расмӣ ба раҳбарии вазири тиҷорати Афғонистон барои ниҳоӣ кардани қарордодҳои хариди гандум, газ ва нафт аз Русия, ба Маскав рафтааст.

Вай изҳор дошт, ки коршиносони ин ҳайати тиҷоратӣ ҳамакнун дар ҳоли музокирот бо тарафи Русия ҳастанд ва ба маҳзи он ки қарордод имзо шавад, ҷузъиёт нашр хоҳад шуд.

Як манбаи хабарӣ аз Вазорати тиҷорат ва саноати ҳукумати Толибон низ ба хабаргузории "Рейтерз" гуфтааст, коршиносони ин вазорат ва Вазорати молия пас аз боздиди ахир аз Маскав, ҳамчунон дар пойтахти Русия мондаанд, то дар бораи ин қарордод кор кунанд.

Вай афзуд, "мо машғули кор дар бораи матни қарордод ҳастем. Дар ҳоли ҳозир тақрибан бар сари хариди гази моеъ ва бензин созиш кардаем".

Ҳанӯз ҳеч кишваре ҳукумати Толибонро дар Афғонистон ба расмият нашинохтааст. Аммо ниҳоӣ шудани ин қарордод, ба маънои афзоиши тиҷорати хориҷӣ бо Толибон хоҳад буд.

Русия ва низ Толибон, ки ҳукумати Афғонистонро дар ихтиёр дорад, ҳар ду бо таҳримҳои байнулмилалӣ рӯбарӯянд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG