Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷонибдорони Муқтадо Садр ба бинои ҳукумати Ироқ ҳамла карданд


Эътирози тарафдорони Муқтадо Садр.
Эътирози тарафдорони Муқтадо Садр.

Ҷонибдорони имоми бонуфузи шиамазҳаби Ироқ Муқтадо Садр рӯзи душанбе ба Қасри ҷумҳурӣ, ки дар "минтақаи сабз"-и ҳукумати он кишвар дар шаҳри Бағдод ҷойгир аст, ҳамла карданд.

Ба иттилои хабаргузоиҳои байналмилалӣ, даҳҳо кас вориди бино шуданд, вале дертар низомиён онҳоро берун карданд.

Дар натиҷаи задухӯрдҳои хиёбонӣ миёни ҷонибдорони Садр ва фаъолони нерӯҳои сиёсии рӯ ба Эрон рӯзи душанбе дастикам 20 кушта ва даҳҳо кас захмӣ шудааст.

Дар Бағдод қуюди шабона эълом кардаанд.

Буҳрони сиёсӣ дар Ироқ аз моҳи июни имсол, баъди он ки ҷонибдорони Садр таҳрими порлумонро оғоз карданд, идома дорад. Қаблан бо вуҷуди он, ки онҳо дар интихоботи соли гузашта ҷиноҳи аксарияти порлумонӣ буданд, ҳукуматро ташкил карда натавонистанд. Садр хостори баргузории интихоботи пеш аз муҳлати порлумонӣ шуд ва ҷонибдоронаш ҳафтаҳост ба нишони ҳимоят аз ин талаб тазоҳурот мекунанд.

XS
SM
MD
LG