Пайвандҳои дастрасӣ

Қарордоди 3-миллиардӣ дар форуми Кӯлоб. ВИДЕО


Дар Форуми Кӯлоб 15 санади ҳамкорӣ имзо шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:09 0:00

Видеоро инҷо бинед

Мақомот дар Кӯлоб бо баргузории форуме гуфтанд, бо корхонаву тоҷирони дохилӣ ва хориҷӣ барои ҳамкорӣ ба маблағи беш аз 3 миллиард сомонӣ қарордод бастанд. Маълум нест, то куҷо созишномаҳо амалӣ мешаванд.

Дар форуми имсола сафирони чанд кишвар ширкат доштанд. Корхонаҳои муштарак ҳам маҳсулоти худро ба намоиш гузоштанд.

Пеш аз оғози форум сармоягузорону баъзе сафирон аз корхонаҳои саноатӣ ва Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб дидан карданд.

Мақомот мегӯянд, бо ин ҳадаф мехоҳанд, шарикони иқтисодии худро пайдо кунанд.

Форуми байнулмилалии иқтисодӣ дар Кӯлоб ду рӯз давом кард. Дар охир 15 санад имзо шуд.

Се сол аст, дар чунин форум санадҳои зиёд имзо мешаванд, аммо шумораи ками онҳо ба иҷро мерасад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG