Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Санду таҷовузи Русияро ба хоки Украина маҳкум кард


Майя Санду

Раисиҷумҳури Молдова ҳангоми таҷлил аз 31-умин солгарди истиқлоли ин кишвари Шӯравии собиқ таҷовузи Русияро ба хоки Украина маҳкум кард.

Майя Санду рӯзи 27-уми август дар Кишинёв гуфт, “ҷанги ноодилонаи Русия алайҳи Украина ба мо баҳои озодиро рӯшан нишон дод.”

Вай дар баробари нахуствазир Наталя Гаврилита ва раиси порлумон Игор Гросу гуфт: “Ҷанг поён меёбад ва мо метавонем аз ин буҳрон қавитар ва устувортар берун оем.”

Майя Санду, масъули собиқи Бонки Ҷаҳонӣ, дар Амрико таҳсил кардааст ва ғарбгарост. Ӯ гуфт, “имсол Молдова кишвари довталаб барои пайвастан ба Иттиҳоди Аврупо шуд.”

Молдова, яке аз кишварҳои фақиртарини Аврупо, бо Украина марзи дароз дорад ва аз оғози таҷовузи бедалели Маскав ба Украина ба садҳо ҳазор паноҳандаи украинӣ ҷой додааст.

Русия дар минтақаи ҷудоихоҳи Приднестри Молдова, ки аз ҷониби Маскав пуштибонӣ мешавад, ҳудуди 1500 сарбоз дорад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG