Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико ба Украина ба маблағи қариб 3 миллиард доллар ёрӣ мекунад


Ҷо Байден
Ҷо Байден

Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико, эълон кард, кишвараш ба Украина ба арзиши тақрибан 3 миллиард доллар кумаки низомӣ мекунад.

Ӯ бо табрики мардуми Украина ба муносибати 31-умин солгарди истиқлоли ин кишвар дар рӯзи 24-уми август гуфт: “Амрико аҳд додааст, ки ба мардуми Украина дар муборизаашон барои истиқлол кумак мекунад. Ман бо ифтихор эълон мекунам, ки ба Украина бо арзиши 2 миллиарду 980 миллион доллар аслиҳаву таҷҳизот... кумак мекунем.”

Кумаки молӣ ба Украина имкон медиҳад, системаҳои дифои зиддиҳавоӣ, тӯпхона, аслиҳаву ҳавопаймоҳои бесарнишин ва радар ба даст биёрад.

Дар бастаи кумакҳо ҳамчунин интиқоли мушакандози Ҳовитзер дар назар аст, ки ба муқовимати Украина ба нерӯҳои Русия дар шарқи кишвар мадад хоҳад кард.

Аз замони таҷовузи Русия ба қаламрави Украина дар рӯзи 24-уми феврали имсол Амрико ба ҳукумати раиси ҷумҳур Владимир Зеленский бештар аз 10 миллиарду 500 миллион доллар кумаки низомӣ кардааст.​

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG