Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон шаҳрвандони марзшикани Афғонистонро меронад


Мақомоти Афғонистону Узбекистон рӯзи 23-юми август масъалаи марзшикании шаҳрвандони Афғонистонро баррасӣ карданд.

Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон хабар дод, ки дар ин гуфтугӯ ба ҷазираи Арал Пайғамбари вилояти Сурхандарёи Узбекистон гузаштани 24 шаҳрванди Афғонистон баҳс шудааст.

Ба иттилои расмӣ, дар натиҷаи ин ҳодиса ду шаҳрванди Афғонистон кушта ва ҳафт тани дигар захмӣ шуданд. Мақомоти Узбекистон гуфтанд, афғонистониҳои боздоштшударо ба ватанашон ихроҷ мекунанд.

Ҷониби Узбекистон пештар хабар дод, ки 24 афғонистониро ба далели убури ғайриқонунии марз боздошт кардааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG