Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасади муҳоҷирони қирғизистониро аз Русия овардаанд


Ҷасади қирғизистониҳоеро, ки дар садамае дар вилояти Улянови Русия ҷон бохтанд, рӯзи 23-юми август ба Қирғизистон овардаанд.

Расонаҳои маҳаллӣ менависанд, ба пайвандони фавтидаҳо аз бунёди президенти Қирғизистон бештар аз 3700-долларӣ дода мешавад.

Дар вилояти Улянови Русия дар натиҷаи як садама 16 кас фавтид.

Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон хабар дод, ки 14 нафари онҳо шаҳрвандони Қирғизистон ҳастанд. Се қирғизистонии дигар дар бемористон бистариянд.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аксу наворҳои ин садамаро нашр карданд. Ба навиштаи корбарон, мошини борбар ба мусофирбаре бархурдааст, ки канори роҳ меистод.

XS
SM
MD
LG