Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Салам Имомназаров 16 сол зиндонӣ шуд. "Гуфт, гуноҳ надорад, аммо шикоят бефоида аст"


Акси Салам Имомназаров ва Имомназар Имомназаров
Акси Салам Имомназаров ва Имомназар Имомназаров

Салам Имомназаров, гуштигир ва писари Имомназар Имомназаров, аз роҳбарони ба истилоҳ ғайрирасмии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ба 16 сол зиндон маҳкум шудааст. Имомназар Имомназаров соли 2012 дар Хоруғ кушта шуд. Яке аз пайвандонаш гуфт, "Салам Имомназаров дар додгоҳ худро бегуноҳ донист". Мақомот дар бораи иттиҳом ва ҳукми ӯ шарҳе намедиҳанд. Манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, Имомназаров ба қочоқи маводи мухаддир гунаҳкор шуда, ҳукмашро охири моҳи июни имсол содир карданд. Чанд рӯз пеш ӯ ба маҳбаси Хуҷанд бурда шудааст.

Яке аз наздикони Имомназаров ба шарти зикр нашудани номаш рӯзи 22-юми август ба Радиои Озодӣ гуфт, мурофиаи Салам Имомназаров дар бинои Боздоштгоҳи муваққати шаҳри Душанбе гузашт.

"Ба наздикон пешакӣ дар бораи мурофиа хабар надода буданд. Танҳо пеш аз эълони ҳукм хоҳари Саламро даъват карданд ва ӯ 10-15 дақиқа бо бародараш дар Боздоштгоҳ вохӯрд. Ҳукмро бегоҳӣ эълон карданд," -- афзуд манбаъ.

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, Салам Имомназаров бо инки дар додгоҳ худашро бегуноҳ донист, ба наздикон гуфтааст, "аз ҳукм шикоят набаред, бефоида аст."

Кӯшишҳои мо барои гирифтани назари мақомот то ин дам бенатиҷа буд. Наздикони Салам Имомназаров намедонанд, ки ҳукми ӯро кадом додгоҳ содир кардааст. "Дар бораи ҷузъиёти парванда ба мо чизе нагуфтанд," -- афзуд яке аз наздикони Салам Имомназаров.

Салам Имомназаров рӯзи 18-уми феврали имсол, баъди бозгашт аз Туркия дар Фурудгоҳи шаҳри Душанбе боздошт шуд. Ӯ дар Туркия муолиҷа мегирифт. Манобеи Радиои Озодӣ он вақт гуфта буданд, ки Салам Имомназаров ба қочоқи маводи мухаддир (қисми чоруми моддаи 200-и Кодекси ҷиноӣ) гумонбар аст.

Ба иттилои дарёфтӣ, соли 2015 як шахси боздоштшуда ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир, ба муфаттишон номи Салам Имомназаровро гуфтааст. Он вақт Имомназаров ва пайвандонаш иттиҳомро рад карда, изҳори умед карданд, ки масъала ба зудӣ ҳал мешавад.

Розия Имомназарова, хоҳари Салам Имомназаров, моҳи апрели имсол ба Радиои Озодӣ гуфта буд, “тафтишот махфӣ аст” ва аз ин рӯ наметавонад дар бораи ҷузъиёти парвандаи бародараш суҳбат кунад.

Салам Имомназаров ягона чеҳраи маъруф дар миёни зодагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нест, ки дар моҳҳои охир ба зиндон маҳкум шудааст.

Пас аз рӯйдодҳои моҳи ноябри соли 2021 ва ҳодисаҳои моҳи майи имсол дар Хоруғу Рӯшон даҳҳо нафар аз фаъолони ВМКБ боздошт ва баъзе аз онҳо ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд. Дастикам се нафар ба зиндони якумрӣ маҳкум шудаанд. Мақомот онҳоро узви гуруҳҳои ҷиноӣ медонанд, аммо наздиконашон фаъоли ҷомеаи маданӣ ва шахсони бегуноҳ меноманд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG