Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори Имумназаров ва тазоҳуроти эътирозӣ дар Хоруғ


Имумназар Имумназаров
Имумназар Имумназаров
Дар шаҳри Хоруғ соати 4 субҳи рӯзи чаҳоршанбе Имумназар Имумназаров яке аз раҳбарони ғайрирасмии Бадахшон кушта шуд. Мақомоти давлатӣ мегӯянд, ки вай низ дар куштори генерал Абдулло Назаров-раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Бадахшон даст дорад.

То ҳол касе ё нируе ин кушторро бар ӯҳда нагирифтааст ва нируҳои давлатӣ мегӯянд, дар ин куштор даст надоранд.

Баъд аз ин куштор дар майдони “Ваҳдат”-и шаҳри Хоруғ тазоҳуроти эътрозӣ оғоз ёфт. Бино ба хабарҳои расида, тазоҳуркунандагон дар майдон хайма задаанд ва гуфтаанд, ки онҳо дар сурати иҷрои се шарт майдонро тарк хоҳанд кард:

Аввал, нируҳо бояд аз Хоруғ берун раванд.

Дуввум, Қодир Қосим-раиси вилоят аз мақомаш истеъфо диҳад.

Севвум, нафаре бояд раиси вилоят таин шавад, ки мардум онро пешбарӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG