Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА ба Украина бастаи нави ёриҳои низомӣ мефиристад


Артиши Украина дар ҷанг бо Русия.
Артиши Украина дар ҷанг бо Русия.

"ИМА тасмим дорад, бастаи нави ёриҳои низомиро ба Украина фиристад," -- гуфт як намояндаи Пентагон. Маблағи умумии кумак ба 775 миллион доллар мерасад.

Ин ёриҳо, аз ҷумла, аз 16 тӯпхона, 15 бесарнишини иктишофӣ, 40 зиреҳпӯш, 1000 маҷмаи зиддитонкии "Ҷавелин" ва таслиҳоти дигар иборат хоҳад буд.

Ба ин тартиб, маҷмуи ёрии низомии ИМА ба Украина аз оғози ҷанги Русия зидди Украина, ба 10,6 миллиард доллар мерасад.

Ҳамлаи низомии Русия ба Украина 24-уми феврали имсол шуруъ шуд. Айни замон артиши Русия қисме аз вилоятҳои Донетск, Луганск ва Херсону Запорожйеро ғасб кардааст.

Коршиносони низомӣ мегӯянд, вазъ дар хатти ҷанг оромтар шудааст: зеро, ба бовари онҳо, ҳеч кадом аз тарафҳо захираи кофӣ барои ҳамла надоранд.

Мақомоти Русия ирсоли аслиҳаи ғарбиро ба Украина танқид карда, таҳдиди авҷ гирифтани ҷанг медонанд. Дар Вазорати корҳои хориҷии Русия гуфтанд, дар сурати ирсоли аслиҳаи ғарбӣ ба Украина, ҳамлаи мусаллаҳонаи Русия аз ҷиҳати ҷуғрофӣ густардатар хоҳад шуд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG