Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вашингтон ба Украина 775 миллион доллар кӯмаки низомӣ мекунад


Нирӯҳои украинӣ аз гулӯлаи амрикоии навъи M777 ба ҳадафҳои артиши Русия оташ мезананд. 21 июли соли 2022, вилояти Харков
Нирӯҳои украинӣ аз гулӯлаи амрикоии навъи M777 ба ҳадафҳои артиши Русия оташ мезананд. 21 июли соли 2022, вилояти Харков

ИМА гуфт, ки барои барқарор кардани қаламравҳои Украина ва афзоиши муқовимат ба нирӯҳои ишғолгари Русия ба Украина дар ҳаҷми 775 миллион доллар кӯмаки нави низомӣ фароҳам мекунад. Як мақоми аршади дифоии Амрико дар сӯҳбат бо журналистон рӯзи 19-уми август эълон кард, ки ба ин кӯмакҳо инчунин 15 ҳавопаймои бесарнишини Scan Eagle, 40 мошини зиддимина ва поккории минаҳои навъи MRAP, 2 ҳазор гулӯлаи зиддизиреҳӣ ва дигар муҳимоти низомӣ дохил мешаванд.

Инчунин 1500 мушки зиддитонкӣ, ҳазор мушаки найзашакл ва ҳам мушакҳои зидди системаҳои радар тақдим мешаванд. Аз августи соли 2021 ин бори 19-ум аст, ки Пентагон ба Украина силоҳу кӯмакҳо тақдим мекунад.

Аз замони сари кор омадани маъмурияти президент Ҷо Байден дар ИМА, Вашингтон ба Украина дар маҷмӯъ дар ҳаҷми 10,6 миллиард доллар кӯмаки низомӣ фароҳам кардааст. Кӯмакҳои ахир қарор аст дар мӯҳлати шаш моҳи наздик дастрас шаванд.

XS
SM
MD
LG