Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Агар имкон набошад, ғайри Худо дигар илоҷ нест" ВИДЕО


Сокинони водии Яғноб аз набудани хадамоти тиббӣ шикоят мекунанд. Онҳо мегӯянд, то ҳол ягон деҳаи ин водӣ бунгоҳи тиббӣ надорад.

Ба гуфтаи сокинон, дар фасли зимистон агар ягон нафар бемор шавад, пизишке нест, ӯро муоина ва табобат кунад. Аксари занҳо ҳам ба гуфтаи сокинон, дар хона таваллуд мекунанд. Мақомот мегӯянд, чунин нест ва сарфи назар аз дуриву ноҳамвории роҳ, пизишкон ба сокинони водии Яғноб хизмат мерасонанд.

Фирӯза Муҳаррамова се фарзандашро дар хона таваллуд кардааст. Ӯ дар охирин деҳаи водии Яғноб зиндагӣ мекунад. Деҳаи Крёнте, ки дар он чор хонавода ба сар мебарад, роҳи мошингард надорад ва занон маҷбуранд, дар хона таваллуд кунанд.

“Якум фарзандам солим таваллуд шуд, азоб накашидам. Янгаам панҷ рӯз дард кашид ва баъд таваллуд кард. Роҳи обод нест, ки ба ягон ҷой барем,”-афзуд Фирӯза Муҳаррамова.

Дар минтақаи Яғноб ягон бунгоҳи тиббӣ сохта нашудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:52 0:00

Албатта танҳо занони ҳомиладор нестанд, ки аз набудани пизишкон азоб мекашанд.

Фирӯза Муҳаррамова мегӯяд, хушдомани пиронсолаш 2,5 моҳ бемор буд, вале бо сабаби набудани роҳ натавонистанд, ӯро беморхона баранд. “Хушдоманам як моҳ пеш гузаштанд. Албатта духтур сабаб аст, аммо агар ягон духтур мешуд якбор медид, ё ба ягон беморхона мебурдем, хуб мешуд,”-афзуд ҳамсуҳбати мо.

Мушоҳидаи хабарнигорони Радиои Озодӣ нишон дод, ки дар ягон деҳаи водии Яғноб бунгоҳи тиббӣ нест. Дар фасли тобистон роҳҳо боз аст ва сокинон талош мекунанд, беморонро то деҳаи Анзоб расонанд. Аммо баста шудани роҳҳо дар зимистон кори сокинонро мушкилтар мекунад.

Сафаралӣ Боқиев, сокини деҳаи Пискон ба Радиои Озодӣ гуфт, агар дар зимистон ягон нафар бемор шавад, аз деҳаҳои ҳамсоя одамонро даъват карда, ӯро ба Анзоб мебаранд.

“Агар имкон набошад, ғайри Худои тори сар дигар илоҷ нест. Солҳои пеш чанд нафар ба дарди кӯррӯда (аппендитсит) гирифтор шуданд ва бо ҳамин дард вафот карданд. Намефаҳмиданд. Ё баъзе занҳо дар вақти таваллуд вафот карданд, роҳ манъ ягонҷо илоҷи ҷунбидан нест.”

Мақомот мегӯянд, вазъият ба ин ҳад вахим нест ва сокинони Яғноб ба пизишкон дастрасӣ доранд. Фотеҳ Раҳимов, сардухтури маркази саломатии Зарафшон рӯзи 19-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, як парастору як табиб барои назорати саломатии мардум дар водии Яғноб вобаста шудаанд.

Ба гуфтаи Раҳимов, кормандони тиб дар фасли тобистон бо мошин ва дар зимистон бо асп ба Яғноб рафта, ба сокинон кӯмак мерасонанд. Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, деҳаҳои Яғноб аз якдигар дар дурии 10-20 километр ҷойгиранд ва дар зимистон ба ҳамаи онҳо рафтан мушкил аст.

“Бисёр кӯдакҳо дар хона намешаванд, имсол 2 кӯдак дар хона шуд, дар моҳи январ. Аз сабаби роҳ баста будан. Дигар вақт онҳо бо асп то Марғеб беморонро меоранд ва баъд бо мошин ба маркази саломатӣ мераванд. Мо барои онҳо дар Анзоб таваллудхона кушодем,”- афзуд мудири Маркази саломатии Зарафшон.

Масъулин рад намекунанд, ки бад будани роҳҳо боис шудааст, ки баъзан ба беморон дар Яғноб дертар кумаки тиббӣ мерасад. Фотеҳ Раҳимов мегӯяд, 3-4 сол пеш як сокини Яғноб дар фасли зимистон ба дарди кӯррӯда гирифтор шуд ва ӯро давоми ду рӯз ба Марғеб оварданд. Ин сокини Яғноб баъди ҷарроҳӣ сиҳат шудааст.

“Духтур як-ду бор хабар мегирад"

Роҳ ба самти Яғноб аз моҳи ноябр то апрел баста мешавад. Сокинон барои ҳифзи саломатии худ дар чунин шароит чораҳоеро пайдо кардаанд. Боймурод Атовуллоев, сокини деҳаи Пискон гуфт, пеш аз баста шудани роҳҳо онҳо чанд навъи доруро барои ҳолати мабодо захира мекунанд.

Атовуллоев мегӯяд, “духтур дар тирамоҳ баромада як-ду бор хабар мегирад. Дар баҳор то 4 бор баромада хабар мегирад. Инҷо касал агар вазнин шавад, барои ҷарроҳӣ роҳи бурдан нест. Тарма зиёд мешавад. Не хар меравад, не асп, барф чанд метр мешавад. Такя ба Худо мекунем.”

Баъзе беморон дар Яғноб талош мекунанд то баста шудани роҳҳо ба ноҳияи Зафаробод ё шаҳри Душанбе рафта, дар хонаи хешовандон истанд. Набудани роҳ ва мактабу беморхона боис шудааст, ки як бахши калони сокинон мехоҳанд аз Яғноб кӯч банданд. Ба гуфтаи сокинон, аз 25 деҳаи Яғноб танҳо дар 13 деҳа сокинон зиндагӣ мекунанд.

Шикоятҳо аз набудани бунгоҳи тиббӣ ва пизишкон аз дигар минтақаҳои дурдасти Тоҷикистон расонаӣ шудааст. Мақомот гуфтаанд, талош мекунанд мушкил марҳила ба марҳила ҳал шавад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG