Зимни ифтитоҳи масҷиди наве дар пойтахти Қазоқистон президенти собиқ Нурсултон Назарбоев ҳам, ки муддатҳост дар мазҳари ом дида намешавад, дар ҳалқаи ёваронаш ҳозир шуд. Ҳузури Назарбоев дар масҷиди нав сеюмин ҳолати баъди хушунатҳои моҳи январ дар миёни мардум дида шудани раҳбари собиқи инак 82-солаи Қазоқистон мебошад.
Дар як суханронии мухтасараш Назарбоев дар бораи сохтмони ин муассиса чанд ҷумла гуфт. Назарбоев баъди раҳбарии сисола дар Қазоқистон соли 2019 ба истеъфо рафт ва ба ҷои худ Қосимжомарт Тоқаевро пешбарӣ кард. Он замон ӯ мақоми раҳбарии Шӯрои амният ва унвони “Элбосӣ” ё пешвори миллатро ҳифз кард.
Моҳи январи имсол бо сабаби якбора гарон шудани нархи сӯзишворӣ дар кишвари нафтхези Қазоқистон эътирозу ошӯб бархост, ки зуд дар аксар қаламравҳои кишвар паҳн шуд. Бисёриҳо маҳз норизоият аз сиёсати Назарбоевро далел оварданд.
Дар ин ҳодисаҳо, ба иттилои расмӣ, беш аз 200 нафар куштаву садҳо нафар ҳабс шуд. Дар авҷи ин ҳодисаҳо президент Тоқаев Назарбоевро аз мақоми раиси Шӯрои амният маҳрум кард ва ин мақомро худ ба ӯҳда гирифт. Чандин хешу наздикону шарикони Назарбоев аз мақомҳояшон барканор шуданд, баъзе бо иттиҳоми ришват ҳабс шуданд.
Моҳи июн дар паи референдуме, ки онро Тоқаев барпо кард, мақоми “Элбосӣ”-ии Назарбоев аз матни Конститутсияи кишвар ҳазф шуд.
Вале мунаққидон мегӯянд, ки бисёр ташаббусҳои Тоқаев сатҳӣ ва рӯякӣ буд ва табиати худкомаи низоми сиёсии Қазоқистон, ки инчунин олуда ба хешутаборбозию коррупсия аст, аз байн бурда нашуд.