Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулиси Олмон се шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт кардааст


Кормандони пулиси Олмон. Акс аз бойгонӣ
Кормандони пулиси Олмон. Акс аз бойгонӣ

Пулиси Олмон дар марз бо Полша ё Лаҳистон 9 паноҳандаи ғайриқонунӣ, аз ҷумла 3 шаҳрванди Тоҷикистонро, боздошт кардаанд.

Ҷавонони боздоштшуда, аз 22 то 37 сол дошта, бе ягон санади расмӣ ба ин кишвар ворид шудаанд.

Дар ин бора расонаҳои русӣ бо такя ба иттилои мақомоти интизомии Олмон хабар додаанд.

Пулис Олмон ҳамчунин дар марз бо Лаҳистон паноҳандаҳои ғайриқонунии эрониро боздошт кардааст, ки бо визаи Русия ба ин кишвар омадаанд. Муҳоҷирон бо худ ба ҷуз шиноснома дигар ягон иҷозатнома барои будубоши расмӣ дар Олмонро надоштаанд.

Дар ин кишвар шумори зиёди муҳоҷирону паноҳандаҳои тоҷик кору зиндагӣ мекунанд.

Аз моҳи январ то июли соли 2021 беш аз 190 шаҳрванди Тоҷикистон барои дарёфти паноҳандагӣ ба мақомоти Олмон муроҷиат карда, аз ин миён 45 дархост қабул ва 127 дархост рад шудааст.

XS
SM
MD
LG