Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико ва панҷ кишвари минтақа дар Тоҷикистон машқи низомӣ анҷом медиҳанд


Тамрини низомии “Ҳамкории минтақавӣ 22”, ки аз 10 то 20-уми август дар Тоҷикистон баргузор мешавад.
Тамрини низомии “Ҳамкории минтақавӣ 22”, ки аз 10 то 20-уми август дар Тоҷикистон баргузор мешавад.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ва ҷалби панҷ кишвари дигари минтақа тамрини 10-рӯзаи низомӣ анҷом медиҳанд.

Дар тамрини низомии “Ҳамкории минтақавӣ 22” , ки аз 10 то 20-уми август дар Тоҷикистон баргузор мешавад, намояндаҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Покистон ва Узбекистон ширкат мекунанд.

Рӯзи 10-уми август сафорати ИМА дар Душанбе хабар дод, ки ҳадафи баргузории тамрин бо ҷалби кишварҳои минтақа таъмини амният, мубориза бо терроризм ва рушди ҳамкориҳои муштарак аст. Ин машқҳо дар маркази омӯзишии Фахробод баргузор мешаванд.

Тамрини “Ҳамкории минтақавӣ 22” бо ҷалби кишварҳои минтақа ва ИМА аз соли 2004 баргузор мешавад. Имсол макони баргузории он Тоҷикистон интихоб шудааст.

XS
SM
MD
LG