Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путину Эрдуғон ба тавсеаи ҳамкориҳо дар бахши энерживу тиҷорат таъкид карданд


Сочи, 5-уми август. Баъди анҷоми мулоқоти президентони Туркия ва Русия - Раҷаб Тайиб Эрдуғон ва Владимир Путин
Сочи, 5-уми август. Баъди анҷоми мулоқоти президентони Туркия ва Русия - Раҷаб Тайиб Эрдуғон ва Владимир Путин

Дар мулоқоти чорсоатаи шоми 5-уми август президентони Русия ва Туркия – Владимир Путин ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон ба тавсеаи ҳамкориҳо дар бахши ҳамлу нақл, кишоварзӣ ва риштаи сохтмон мувофиқа карданд. Дар изҳороти Кремлин омадааст, ки “бо вуҷуди чолишҳои кунунӣ дар минтақа ва ҷаҳон раҳбарон ба рушди минбаъдаи робитаҳои миёни Русия ва Туркия мувофиқа карданд”. Дар изҳорот омадааст, ки ду кишвар ҳамкориҳо дар соҳаи энерживу тиҷорат ва иқтисодро идома медиҳанд.

ТАСС бо такя ба изҳороти муштараки Путин ва Эрдуғон гуфт, ки ду раҳбар ба зарурати иҷрои созишномаи Истамбул оид ба содироти гандум ва муборизаи муштарак зидди созмонҳои террористӣ дар Сурия таъкид карданд.

Интерфакс аз қавли муовини нахуствазири Русия Александр Новак гуфт, ки ҷонибҳо инчунин розӣ шуданд, ки як бахши пардохтҳои гази русӣ бо рубл сурат хоҳад гирифт.

XS
SM
MD
LG