Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасади генерали полиси Қазоқистон дар боздоштгоҳ ошкор шуд


Боздоштгоҳи шаҳри Алмаато. Акс аз соли 2020

Дар як боздоштгоҳи Қазоқистон ҷасади собиқ полиси баландпоя пайдо шуд. Мақомоти низоми зиндонҳои Қазоқистон гуфтанд, ки генерал-майори полис Жайлавбек Холиқулӣ аз “фишор ба роҳҳои нафас” ҷон дод. Мақомот мегӯянд, ки ҷасади собиқ мақомдори калони полис 7-и субҳ аз ҷониби навбатдори зиндон ошкор шуд. Таҳқиқи ҳодиса шурӯъ шудааст.

Холиқулӣ моҳи маи соли ҷорӣ бо гумони гирифтани пора бо мақсади аз пайгарди ҷиноӣ озод кардани як шаҳрванд боздошт шуд. Жайлавбек Холиқулӣ 59 сол дошт ва солҳои 2009 то 2012 сардори раёсати умури дохилии вилояти Алмаато буд. Баъди як аттестатсия ё санҷиш дар сохторҳои интизомӣ аз мақомаш барканор шуд. Солҳои 2013 то 2016 дар мақоми сардори раёсати полиси вилояти Ақмола кор кардааст. Дар давраи бознишастагӣ мушовири вазири корҳои дохилӣ буд.

XS
SM
MD
LG