Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи ҷангҳои пуршиддат дар Украина


Дар минтақаи шарқии Донетски Украина ҷангҳои пуршиддате идома дорад. Ҷудоиталабони рӯ ба Маскав талош доранд нирӯҳои Киевро аз шаҳрҳои Бахмут ва Авдеевка ба ақиб гардонанд, дар ҳамин ҳол мақомоти украинӣ гуфтанд, ки Русия метавонад дар ҷануби кишвар муқовимати навро вусъат бахшад.

Мақомоти украинӣ гуфтанд, ки нирӯҳои русӣ рӯзи 4 август шаҳри Харков ва ҳам Запорожйеро, ки он ҷо коргоҳи ҳастаӣ қарор дорад, тирборон карданд. Дар Харков чандин муассисаи саноатӣ осеб дид ва ҳам як мушак ба бинои истиқоматии панҷошёнае дар шаҳри Чугуеви вилояти Харков расид.

Генерал Олексий Ҳромов, муовини фармондеҳи ситоди кулли Украина рӯзи 4-уми август гуфт, ки нирӯҳои украинӣ тавонистанд ба нирӯҳои русӣ дар шимолушарқ ва шарқи Донетск – шаҳрҳои Соледар ва Бахмут муқовимати муваффақонае нишон диҳанд. Айни замон, ӯ эътироф кард, ки нирӯҳои украинӣ маҷбур шуданд деҳаи Семигорйе ва мавқеъҳои худ дар ҷанубу шарқи Авдеевкаро тарк кунанд.

Ҳромов инчунин дар нишасти хабарӣ гуфт, ки эҳтимолан Маскав дар Херсон, ки ҷануби кишвар мебошад, муқовимати наве ба роҳ монад ва талош кунад, ки бо истифода аз фурсат мавқеашро он ҷо мустаҳкам кунад.

XS
SM
MD
LG