Попи Рум Франсиск барои ширкат дар Анҷумани VII пешвоёни динҳои ҷаҳонӣ ва суннатӣ, ки қарор аст, аз 13 то 15 сентябри имсол дар шаҳри Нурсултон баргузор шавад, ба Қазоқистон меравад.
Интизор меравад, ӯ дар ҷараёни ин сафар бо патриархи калисои православии Русия Кирилл мулоқот кунад.
Анҷумани раҳбарони динҳои ҷаҳонӣ ва суннатӣ, ки аз сӯи президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев 19 сол пеш ташкил шудааст, ҳар се сол як маротиба баргузор мешавад.
Яке аз ҳадафҳои анҷуман рушди фарҳанги таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми динҳо мебошад.