Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маркази тестӣ аз шонси дуюми дохилшавӣ ба донишгоҳҳои Тоҷикистон хабар дод


Маркази миллии тестии Тоҷикистон мегӯяд, довталабоне, ки бо сабаби кам будани балли дохилшавӣ натавонистанд ба мактабҳои олӣ дохил шаванд, дар миёнаҳои моҳи августи имсол метавонанд аз озмуни тақсимоти такрорӣ гузаранд. Ин ниҳод дар вебсайти расмии худ хабар додааст, ки рӯзҳои 12 то 15-уми август дар Маркази миллии тестӣ ҷараёни аз нав ба қайд гирифтани довталабон барпо мешавад ва шонси дар озмуни тақсимоти такрорӣ “комёб шудани аксарият – қариб ҳамаи онҳо хеле зиёд аст”.

Маркази миллии тестӣ дар Тоҷикистон ҳафт сол пеш ба кор шурӯъ кард ва мақомот гуфтанд, ки ҳадаф аз он ҷорӣ кардани шеваи замонавӣ, бидуни фасод ва одилонаи қабули довталабон ба таҳсили мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус мебошад. Вале бо ин вуҷуд, интиқод аз шеваи қабули имтиҳонҳову сатҳи дониши довталабон кам нест.

Соли ҷорӣ нақшаи қабули довталабон ба мактабҳои оливу миёнаи касбии Тоҷикистон як каме бештар аз 80 ҳазор нафар муқаррар шуда беш аз 110 ҳазор довталаб дар имтиҳонҳо иштирок кардааст. Феълан маълум нест, ки чӣ миқдори довталабон дар давраи аввали имтиҳонсупорӣ соҳиби унвони донишҷӯ шудаанд.

Таҳсил дар мактабҳои Тоҷикистон 1-уми сентябр шурӯъ мешавад.

Оғози имтиҳонҳои дохилшавӣ дар Маркази миллии тестии Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:04 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG