Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон роҳи "бачаҳои тасодуфӣ"-ро мебанданд?


Акс аз бойгонӣ

Тарзи гирифтани санҷишу имтиҳонҳо дар донишгоҳ ва донишкадаҳои Тоҷикистон ба низоми пешина баргаштааст. Аз ин ба баъд донишҷӯёнро зарур аст, 60 дарсади имтиҳону санҷишҳоро ба таври шифоҳӣ (даҳонӣ) ва дар рӯбарӯи муаллимон супоранд. Иддае тасмимро дуруст мепиндоранд, аммо гуруҳи дигар аз эҳтимоли афзоиши фасод дар соҳа нигаронанд.

Паҳлӯҳои мусбат ва манфӣ

Тоҷикистон соли 2010 ба низоми кредитӣ гузашт ва санҷишу имтиҳонҳоро тестӣ кард. Мақомот онро роҳи муосир барои беҳтар кардани вазъи маориф номида буданд. Ҳоло сабаби бозгашт ба тартиби пешинаро "беҳтар кардани сифати таълим… ва омода кардани мутахассисон" медонанд.

Дилшод, донишҷӯйи соли сеюми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ба мавсими нави санҷишу имтиҳонҳо омода мешавад. Ба ӯ ва ҳамсабақонаш гуфтаанд, бояд санҷишу имтиҳонҳоро ба таври шифоҳӣ супоранд.

“Низоми тестӣ осон буд. Дар сари компютер менишастӣ ва таваккалӣ тугмаро зер мекардӣ, тамом. Ҳоло имтиҳону санҷишҳоро шифоҳӣ ва хаттӣ гиранд, бояд лексияҳоро аз бар кунӣ ва ба суолҳо посух дода тавонӣ. Масъулият бештар мешавад," – мегӯяд ӯ.

Мақомот ҳанӯз даҳ сол пеш мегуфтанд, Тоҷикистон бояд бо гузаштан ба низоми кредитӣ ба фазои ягонаи таълими ҷаҳонӣ ворид шавад. Ба назар мерасад, бо гузашти чанд сол ин низом дар Тоҷикистон комёб нашудааст ва ё ба қавли коршиносон дуруст ба роҳ монда нашудааст.

На ину на он

Парвиз Муллоҷонов
Парвиз Муллоҷонов

Сиёсатшинос Парвиз Муллоҷонов таҷрибаи кор дар донишгоҳҳои Амрикову Аврупоро дорад. Вай мегӯяд, мушкили асосӣ он аст, ки Тоҷикистон на аз низоми боқимонда аз Шӯравӣ даст кашид ва на низоми навро пурра ҷорӣ кард.

"Пурра не, бояд низоми нав 80 дарсад ҷорӣ карда мешуд. Онро бояд вобаста ба шароити Тоҷикистон мутобиқ мекарданд. Бояд беҳтарин унсурҳои боқимонда аз Шӯравиро мегирифтанд ва ба элементҳои беҳтарини низоми нав ҳамроҳ карда, як модели тоҷикии таҳсил меофариданд,” – шарҳ дод Муллоҷонов.

Мусоҳиби Радиои Озодӣ мегӯяд, ҳадафи асосии низоми ғарбии таҳсил ин аст, ки нерӯи таҳлилгарии донишомӯзон рушд кунад, «аммо феълан дар Тоҷикистон на танҳо донишҷӯён, балки омӯзгорон ҳам ба ин омода нестанд.»

«Вақти он расидааст, ки…»

Баъзеи дигар аз ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ мегӯянд, низоми кредитӣ дар Тоҷикистон сатҳи саводро боз ҳам поин бурд ва беҳтар аст пурра аз байн биравад. Ба қавли Азизи Нақибзод, рӯзноманигор ва таҳлилгари тоҷик, «вақти он расидааст, ки донишгоҳҳои Тоҷикистон на 60 дарсад, балки сад дарсад ба низоми қаблӣ баргарданд.»

Азизи Нақибзод
Азизи Нақибзод

«Русия аллакай ин корро карда истодааст. Борҳо дар Русия бо омӯзгорон суҳбат доштам. Онҳо низ аз низоми тестӣ ибрози нигаронӣ карда буданд, ки боиси паст шудани саводи донишҷӯён шудааст. Мо шоҳид ҳастем, дар низоми пештара босаводҳо зиёд буданд. Дар низоми тестӣ аксар вақт бачаҳои тасодуфӣ аз имтиҳонҳо мегузаранд,» -- мегӯяд ӯ.

Бозгашт ба низоми шифоҳии супоридани санҷишу имтиҳонҳо дар муассисаҳои оливу касбии Тоҷикистон дар ҳолест, ки борҳо аз мавридҳои ришвахорӣ дар донишгоҳҳо ва сохторҳои Вазорати маорифи Тоҷикистон изҳори нигаронӣ шудааст.

Аз ҷумла, президент Эмомалӣ Раҳмон дар охири соли гузашта аз он танқид кард, ки барномаҳои таълимӣ кӯҳнаанд: “Аксари омӯзгорони мо системаи нави кор бо донишомӯзонро намедонанд. Мо худамон худамонро фиреб мекунем. Фақат шумора, диплом, коғаз медиҳем. Мо аз ин методи таълим даст кашем, реформа кардан даркор."

Дар 41 донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ҳудуди 250 ҳазор нафар таълим мегиранд. Соҳаи маориф дар кишвар солҳо боз танқид ва ин бахш дар қатори ниҳодҳои фасодзада номбар мешавад. Чизе, ки масъулонаш қабул надоранд ва бештар ба муваффақиятҳои худ таъкид меварзанд.

Шарҳҳоро бинед (24)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG