Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Reuters: Кремл ба шабакаи ҷосусҳояш дар Украина эътимод мекард


Украина
Украина

"Пеш аз ҳамлаи 24-уми феврали соли 2022, Русия дар Украина ба сохтани шабакаи ҷосусҳо пардохт, ки мебоист, муваффақияти ҳамлаи ояндаро таъмин мекарданд." Дар ин бора дар таҳқиқоти оҷонсии хабарии Reuters иттилоъ дода шудааст, ки рӯзи 28-уми июл нашр гардид.

Ба иттилои манобеи Reuters, президенти Русия Владимир Путин эътимод дошт, шабакаҳои ҷосусҳо мадад мекунанд, ки ҳукумати президенти Украина Владимир Зеленский баъди шурӯи ҳамла фирор мекунад, аз ҳукумат даст мекашад ва ё таслим мешавад.

Бо гузашти 5 моҳ аз ҷанг ин кор сурат нагирифт ва ҳарчанд қисме аз ҳудудҳои Украина аз даст рафт, муқовимат ҳамоно идома дорад.

Бо такя ба мусоҳибаҳои мақомоти Русияву Украина ва ҳуҷҷати додгоҳҳои Украина, Reuters менависад, шабакаи ҷосусҳои Русия амиқтар аз он будааст, ки пештар баҳо дода мешуд. Мақомоти Украина гуфтанд, Русия миёни низомиҳо ва мақомоти махсуси Украина низ ҷосус доштааст.

Дар гузориши Reuters ба хусус гуфта мешавад, ки таслими бидуни ҷанги неругоҳи Чернобил натиҷа кори ҷосусҳои Русия буд.

Манобеи Reuters гуфтаанд, Маскав нақша дошт, ҳукумати Украинаро тағйир диҳад.

Дар маҷмуъ, ба навиштаи Reuters, нақшаи Русия барҳам хӯрд. Манобеъ гуфтаанд, Маскав бовар дошт, ки Украина заъф дорад. Кремл ҳамчунин ба тавоноии ҷосусҳояш дар Украина эътимоди беш аз ҳад дошт.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG