Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти пешини Қазоқистон баъди "рухсатӣ" аз Туркия баргаштааст


Нурсултон Назарбоев.
Нурсултон Назарбоев.

Айдос Укибой, котиби матбуотии президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод, ки Назарбоев баъди "рухсатӣ" аз Туркия баргаштааст.

"Нурсултон Назарбоев баъди рухсатӣ дар ҳалқаи пайвандон ва наздиконаш аз Туркия ба Қазоқистон баргашт", - навишт Айдос Укибой.

Сухангӯи президенти пешини Қазоқистон ҳамчунин навишт, ки "хилофи овозаҳо, президенти пешин дар Туркия бо афроди расмии кишварҳои хориҷӣ ва намояндагони тиҷорат мулоқот накардааст".

Расонаҳо пештар аз ин навиштанд, ки Назарбоев дар Туркия бо раиси Ҳизби либерол-демократии Русия Леонид Слутский ва намояндагони тиҷорати Русияву роҳбарони ширкатҳои бузург мулоқот кардааст.

Назарбоев дар остонаи зодрӯзаш ибтидои моҳи июл ба Туркия рафт.

Баъди ҳаводиси моҳи январи соли ҷорӣ дар Қазоқистон нуфузи Назарбоев коҳиш ёфт. Раъйпурсии рӯзи 5 июни соли ҷорӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи он кишвар, мақоми "президенти нахустини Қазоқистон"-ро бекор кард. Ин мақом ба Назарбоев ва аъзои хонаводааш имтиёзҳои зиёд ва дахлнопазирӣ медод.

XS
SM
MD
LG