Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ихтиёриёни кор дар маркази ёрӣ ба Украина кистанд? ВИДЕО


Ихтиёриҳои саросари олам барои ёрӣ ба Украина сафарбар шудаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:29 0:00

Ихтиёриҳои саросари олам барои ёрӣ ба Украина сафарбар шудаанд

Ситораҳои мусиқӣ ва ихтиёриён дар Лаҳистон дар марказе гирди ҳам омада, барои Украина кумак ҷамъоварӣ мекунанд.

Пас аз оғози ҷанги Русия дар Украина соҳибкорон муттаҳид шуда дар Лаҳистон як марказе бо номи кумак ба Украинаро таъсис доданд. Дар он паноҳандагони украинӣ ва афроди машҳур кумакҳои аз тамоми ҷаҳон ҷамъоварӣ шударо бандубаст карда ба ниёзмандон мефиристанд. Дар миёни онҳо гурӯҳи роксарои украинӣ Калуш ҳам ҳаст.

Дар маркази кумак ба Украина дар Лублини Лаҳистон 150 ихтиёрӣ аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон ҷамъ омада, бастаҳоро ҷоба ҷо мекунанд ва ба Украина мефиристанд. Ба кишваре, ки панҷ моҳ боз дар он ҷанг идома дорад. Колтон Смит, ихтиёрӣ из Калифорнияи Амрико, ду моҳ аст дар ин ҷо кӯмак мекунад.

“Ман дар тамоми зиндагиям бо ягон ҷанге, чун ҷанги Украина робита надоштам. Ман вазъеро, ки аз замони инқилоби соли 2014 ба вуқӯъ пайваст, пайгирӣ мекардам ва натавонистам бетараф бошам. Ман дар Колифорния кор мекардам ва вақте ин ҳамла сурат гирифт, хеле дилшикаста шудам, ман дигар табассум карда наметавонистам."--гуфт ӯ.

Дар миёни ихтиёриён паноҳандаҳои Украинӣ ҳам ҳастанд. Онҳо дӯсту хона ва кору нақшаҳои худро партофта, аз ҷанг фирор кардаанд. Ҳоло онҳо ба украиниҳое, ки дар кишвар мондаанд, кумак мерасонанд. Олга Руднева, ҳамоҳангсози марказ мегӯяд, соҳибкорони ширкатҳои хурду бузурги украинӣ барои кумак ба ҳамватанони худ дар марказ муттаҳид шудаанд. “Мо аз моҳи март корро сар кардем. 900 ихтиёрӣ ҳамеша омодаи ёрӣ ҳастанд. Ҳар рӯз 40 нафари дигар барои расонидани кумак ба ин ҷо меоянд. Мо чӣ кор мекунем? Мо кумакҳои башардӯстонаеро, ки аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва берун аз он меоянд, вобаста ба навъ тақсиму ҷо ба ҷо мекунем.”--гуфт ӯ.

Дар ҳамоҳангӣ бо ҳукумати Украина кумакҳо ба марказҳои ёрирасони ин кишвар фиристода мешаванд, то ба афроди ниёзманд расонида шаванд. Ташаббускорон мегӯянд, то имрӯз беш аз 6 ҳазор тонна кумаки башардӯстона ба Украина фиристода шудааст.

Ба ин ташаббус афроди саршиносе мисли ғолибони озмуни ҷаҳонии “Евроведиение”, аъзои “Оркестри Калуш” ҳам ҳамроҳ шудаанд. Гурӯҳ бо ташкили як консерт дар Люблин иқдоми Маркази кумак ба Украинаро датсгирӣ кард.

Олег Псиук, Муассиси оркестри Калуш гуфт: “Мо барои дидани ихтиёриёни бузургтарин маркази волонтёрони Аврупо омадем, то ба онҳо ташаккур бигӯем ва ёрии худро расонем.”

Овозхонҳои хаста, вале хушбахт ҳамроҳ бо ихтиёриён суруди муъруфи “Стефания” ро мехонанд. Ин оҳанг вазъи паноҳандагони украиниро бозгӯ мекунад. Онҳо ба ҳамдигар қавӣ ва муттаҳид буданро орзӯ мекунанд ва якдигарро ба ояндаи рӯшан дилгарм менамоянд.

Русия бесабаб 24-уми феврали имсол ба Украина ҳамла кард. Ҳазорон нафар то кунун куштаву захмӣ ва миллионҳо нафар гуреза шуданд.

XS
SM
MD
LG