Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ситоиши Хоманаӣ аз "ташаббус"-и Путин барои ҳамла ба Украина. Ғарб норозист


Мулоқоти Оятуллоҳ Хоманаӣ ва Владимир Путин дар Теҳрон. 19 июл, 2022.

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, рӯзи 19-уми июл барои иштирок дар нишасте бо ҳамтоёни эронӣ ва турки худ ба Теҳрон рафт ва бо раҳбари олии Ҷумҳурии Исломӣ Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ низ мулоқот кард. Тибқи гузориши вебсайти расмии Хоманаӣ, ӯ дар ин мулоқот ба Путин гуфтааст, "дар қазияи Украина, агар Шумо ибтикори амалро ба даст намегирифтед, тарафи муқобил бо ибтикори худ сабаби сар задани ҷанг мешуд." Коре, ки кишварҳои ғарбӣ ба шиддат маҳкум ва алайҳи Маскав таҳримҳои сахт ҷорӣ кардаанд.

Изҳороти раҳбари Эрон ба шакле такрори яке аз иддаоҳои Русия дар ҳамла ба Украина аст, ки мегӯяд, Ғарб дар садади роҳандозии ҷанг алайҳи Русия будааст. Русия дар ин бора далелҳои муътамаде пешниҳод накардааст ва кишварҳои ғарбӣ ҳам ин иддаои Русияро ҳамеша рад кардаанд.

Русия мегӯяд, нигаронӣ аз густариши НАТО ба Украина, аз сабабҳои ин ҳамла будааст ва Хоманаӣ низ рӯзи сешанбе дар мулоқот бо Путин гуфт, ба бовари ӯ, "агар роҳ дар муқобили НАТО боз бошад, ҳадду марзе намешиносад ва агар роҳи он дар Украина гирифта намешуд, муддате баъд ба баҳонаи Қрим, ҳамин ҷангро ба роҳ меандохтанд". Ӯ далеле барои ин иддаоҳои худ пешниҳод накард.

Русия рӯзи 24-уми феврали имсол ба Украина ҳамла кард. То кунун бар асари ин таҷовузи Русия ҳазорон нафар кушта ва миллионҳо нафар овора шудаанд. Ин ҳамла танқидҳои густурдаи байналмиларо дар пай дошт.

Дар мулоқоти рӯзи сешанбе Хоманаӣ ва Путин гуфтаанд, ҳамкориҳои иқтисодии Русия ва Эрон дар пайи таҳримҳои Ғарб, "зарурӣ ва ба нафъи ҳар ду кишвар" аст.

Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", Юрий Юшаков, мушовири сиёсати хориҷии Путин, ба хабарнигорон дар Маскав гуфтааст, "дар бештари масъалаҳо, назари мо наздик ё яксон аст".

Путин дар умум бо раҳбари Эрон Алии Хоманаӣ панҷ бор мулоқот кардааст. Ин нахустин сафари Путин ба Эрон дар даврони президентии Иброҳим Раисӣ аст.

Ҳадафи расмӣ аз ин сафар, гуфтугӯ дар бораи вазъ дар Сурия гуфта шудааст. Аммо интизор меравад, дар бораи таъсири ҷанги Украина, ба хусус таъсири он ба содироти ғалладона низ гуфтугӯ шавад.

Путин рӯзи сешанбе дар чаҳорчӯби музокироти "Раванди Остона" барои ҳалли буҳрони Сурия бо ҳамтоёни худ аз Туркия ва Эрон Раҷаб Таййиб Эрдуғон ва Иброҳим Раисӣ мулоқот кард.

Ин сафари сеуми хориҷии Путин аз замони оғози ҳамлаи артиши кишараш ба Украина аст. Путин моҳи июн ба Тоҷикистон ва Туркманистон сафар карда буд.

XS
SM
MD
LG