Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кушта шудани ду фаластинӣ дар Наблус


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Исроил ва Фаластин гуфтанд, ки дар як тирандозӣ бо нерӯҳои амниятии Исроил ду ҷангҷӯйи фаластинӣ кушта шуданд.

Ҳодиса рӯзи 24-уми июл ва ҳангоми амалиёти нерӯҳои исроилӣ дар хонае дар шаҳри Наблус рӯй додааст.

Нерӯҳои исроилӣ мегӯянд, як гумонбарро мекофтанд. Дар ин ҳодиса шаш марди дигар захмӣ шудаанд.

Гурӯҳи ҷангҷӯи "Шаҳидони Ал-Ақсо" кушта шудани ду узви гурӯҳро тасдиқ кард. Шоҳидон ба хабаргузории "Рейтерз" гуфтаанд, ду тараф тирандозии зиёде карданд.

Ҳусейн Аш-Шайх, мақоми расмии фаластинӣ, ҳодисаро "ҷинояти дигари нерӯҳои ишғолӣ" номидааст.

Аз охири моҳи март ба ин тараф дар Каронаи Ғарбӣ дастикам 52 фаластинӣ ва 19 исроилӣ кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG