Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ҳазорҳо ҷилди "Қуръон"-ро ба Афғонистон баргардонд


Раёсати гумрук дар вилояти Хатлон садҳо ҷилд китоби "Қуръон"-ро ба Афғонистон бозпас фиристодааст. Ин китобҳоро аввали имсол як соҳибкор мехост, ба Тоҷикистон ворид кунад, аммо мақомот онро барои ташхис мусодира карда буданд.

Сӯҳроб Зокиров, як масъули Раёсати гумрук дар вилояти Хатлон, ҳангоми нишасти хабарӣ рӯзи 22-юми июл гуфт, ҳазор ҷилди "Қуръон" бе ҳамоҳангӣ бо Кумитаи дин оварда шуда буданд ва бинобар ҳамин, онҳоро ба Афғонистон бозпас фиристоданд. "Барои ворид кардани ин китобҳо ягон иҷозатномаи Кумитаи дини Тоҷикистон набуд", -- гуфт Зокиров.

Ин ниҳод аввали соли ҷорӣ гуфта буд, тасмими бозпас гардонидан ё иҷозаи фурӯшашро пас аз хулосаи Кумитаи дин ва Кумитаи амният мегиранд.

Мақомот шумораи китобҳоро дақиқ нагуфтанд, вале афзуданд, як донааш тақрибан 2,50 кило аст. Вазни умумии китобҳо 13 тонна гуфта шуд.

Соли 2021 ба воситаи гузаргоҳи "Кокул"-и Фархор 27 ҳазор ҷилд китоби "Қуръон" вориди Тоҷикистон шудааст, ки ба Афғонистон бопас фиристодаанд.

Мақомоти Тоҷикистон чанд сол пеш тасмим гирифтанд, китобҳоеро, ки аз хориҷи кишвар меоянд, бисанҷанд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар онро танқид карданд.

XS
SM
MD
LG