Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи ҳамлаҳо ва иддаои тарафҳо дар ҷанги Украина


Мақомоти Украина рӯзи 21-уми июл гуфтанд, ки нерӯҳои Русия як маҳаллаи аҳолинишинро дар Никопол, дар шаҳри ҷанубии Запорожйе, бомбаборон карданд.

Дар ин ҳодиса дастикам ду ғайринизомӣ кушта ва нӯҳ нафари дигар, аз ҷумла чанд кӯдак, захмӣ шудаанд.

Айни замон нерӯҳои украинӣ дар ҷануб ва шарқи ин кишвар беш аз 100 сарбози Русияро куштаанд.

Маъмурияти таъиншуда аз ҷониби Русия дар минтақаи қисман ишғолшудаи Запорожйеи Украина гуфт, Киев ба як нерӯгоҳи ҳастаӣ дар онҷо бо ҳавопаймои бесарнишин ҳамла кард, вале реактор осеб надид.

Санҷиши хабар аз манобеи мустақил ғайриимкон аст.

Дар ҳамин ҳол, истихбороти низомии Бритониё 21-уми июл гуфт, нерӯҳои Русия ва ҷудоиталабони зери ҳимояти Маскав ба ҳамлаҳои хурдмиқёс дар шарқ идома медиҳанд.

Манбаъ афзудааст, нерӯҳои Русия эҳтимол ба дувумин нерӯгоҳи бузурги Украина дар Вуҳлеҳирска, қариб 50-километрии шимолу шарқи Донетск, наздик мешаванд, “чун Маскав ба ишғоли зерсохтҳои муҳим бартарӣ медиҳад”.

Вазири дифои Амрико Ллойд Остин рӯзи 20-уми июл гуфтааст, Вашингтон ба Украина боз чаҳор HIMARS хоҳад фиристод. Вай афзудааст, Украина аз HIMARS-е, ки Амрико фиристода буд, то ин дам хуб истифода кардааст.

XS
SM
MD
LG