Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикояти раиси Шоҳмансур зидди Далери Имомалӣ


Шикояти раиси Шоҳмансур зидди Далери Имомалӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:54 0:00
Линки мустақим

Ҳукумати ноҳияи Шоҳмансур дар Душанбе ба зидди Далери Имомалӣ, рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик, ба Додситонӣ шикоят кардааст. Раиси ноҳия, Билол Иброҳим, рӯзи 20-уми июл ӯро ба бозтоби, ба гуфтааш, нодурусти тахриби хонаҳо ва монеъ шудан ба кори намояндагони ҳукумат муттаҳам донист. Далери Имомалиро рӯзи 4-уми июн бозпурсӣ карда, ба гуфтааш, чанд шаппотиву мушт заданд ва 15-уми июн дастгиру ба ду моҳ ҳабсӣ пешакӣ гирифтанд. Ӯро бар асоси се банди қонуни ҷиноӣ гумонбар медонанд, аммо худашу наздиконаш бахши асосии иттиҳомотро рад карда, созмонҳои байнулмилалӣ озодияшро хостаанд.

​
XS
SM
MD
LG