Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико мегӯяд, русҳо барои дидани бесарнишинҳои Эрон рафтаанд


Ҳавопаймоҳои бесарнишини Эрон
Ҳавопаймоҳои бесарнишини Эрон

Вашингтон мегӯяд, ҳайатҳои ҳарбии Маскав ба Эрон рафтаанд, то ҳавопаймоҳои бесарнишини низомии он кишварро арзёбӣ кунанд.

Ҷейк Салливан, мушовири амнияти миллии Амрико, рӯзи 16-уми июл гуфт, дар ҳоле ки Маскав ба дунболи тақвияти захираҳои низомияш барои ҷанг дар Украина аст, мақомоти Русия дар ду моҳи охир ду бор аз Эрон боздид кардаанд.

Салливан дар эъломияе гуфт, артиши Эрон мизбони ду намоиши ҳавопаймоҳои бесарнишин барои ҳайатҳои русӣ дар рӯзҳои 8-уми июн ва 5-уми июл дар майдони ҳавоии Кошон будааст.

Қасри Сафед дар аввали ҳафта гуфта буд, ки бовар дорад, Маскав дар пайи дастёбӣ ба садҳо ҳавопаймои бесарнишин аст ва қарор аст, дар моҳи ҷорӣ Теҳрон нерӯҳои Русияро барои истифода аз ин ҳавопаймоҳо омӯзиш диҳад.

Ҷон Кирбӣ, сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Амрико, гуфтааст, ин ҳавопаймоҳои бесарнишин метавонанд, ҳам барои шиносоиву назорат ва ҳамчунон барои фиристодани муҳиммот истифода шаванд.

Эрон рӯзи сешанбеи гузашта гуфт, пас аз ҳамлаи Русия бар Украина дар моҳи феврали имсол "ҳеч пешрафти хос" дар арсаи ҳамкории технологӣ "байни Теҳрону Маскав" рух надодааст.

XS
SM
MD
LG