Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мудири ширкати сохтмонии "Иҳсон"-ро ба боздоштгоҳ бурдаанд


Акинай Бекмирзоева, мудири ширкати сохтмонии "Иҳсон Групп ЛТД" дар Қирғизистон, ки рӯзи 11-уми июл боздошт шуда буд, то 8-уми сентябр ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд.

Ин қарорро додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкеки Қирғизистон рӯзи 13-уми июл баровард.

Бекмирзоева ба "азхудкунӣ ё исрофи молу мулки ғайр" муттаҳам аст.

Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон пештар нисбати масъулони ширкати "Иҳсон" бо моддаҳои "қаллобӣ" ва "азхудкунӣ ё исрофкории молу мулки ғайр" парванда кушода буд.

Муфаттишон мегӯянд, роҳбарияти "Иҳсон Групп ЛТД" ба сокинон ба маблағи 121 миллиону 313 ҳазор сом зиён расонидааст.

Мақомот аз сокинон хостанд, ба ширкати мазкур ҳамкорӣ накунанд ва маблағ низ надиҳанд, зеро дар фаъолияти ширкат "усулҳои пирамидаи молӣ" дида мешавад.

XS
SM
MD
LG