Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даҳҳо кушта ва захмӣ. Ҳамлаи ҷавобии Украина ба нерӯҳои Русия


Нова Каховка, вилояти Херсон. 12-уми июли 2022. Акс аз моҳвора
Нова Каховка, вилояти Херсон. 12-уми июли 2022. Акс аз моҳвора

Артиши Украина гуфт, рӯзи 12-уми июл ҳамлаи бузурги ҷавобиеро ба зидди нерӯҳои Русия ва барои бозпас гирифтани яке аз маҳаллаҳои ишғолӣ оғоз кардааст.

Ба гуфтаи фармондеҳони украинӣ, дар зарбаҳои ҷавобӣ тӯпхона, мошинҳои зиреҳпӯш ва як анбори аслиҳаи нерӯҳои Русия дар шаҳри Нова Каховка дар вилояти Херсон нобуд шудаанд.

Фармондеҳии нерӯҳои ҷанубии Украина гуфт, дар ин ҳамлаҳо 52 сарбози русро куштанд.

Владимир Леонтев, раиси дастнишондаи Русия дар вилояти Херсон, ҳамлаҳоро “амали террористӣ” номид ва гуфт, дар натиҷаи он 8 ғайринизомӣ кушта ва 80 тани дигар маҷруҳ шуданд.

Русия гуфт, ки дар ин ҳамлаҳо тӯпхонаи пешрафтаи истеҳсоли Амрико истифода шудааст, ки ба Украина додаанд.

XS
SM
MD
LG