Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Туркманистон якбора 26 вазирро барканор кард


Сардор Бердимуҳаммадов
Сардор Бердимуҳаммадов

Сардор Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон, дар ҳукуматаш тағйироти кадрӣ анҷом дода, якбора 26 вазирро аз мақом барканор кардааст. Ин тағйирот рӯзи 8-уми июл шуд.

Ба ин тартиб, ноиб-сарвазир дар умури маориф, илм, тандурустӣ, варзиш, ҷавонон ва ҳифзи иҷтимоӣ ва ноиби раиси девони вазирон дар умури иқтисодӣ, бонкӣ ва созмонҳои молии байналхалқи Туркманистон аз мақом барканор шудаанд.

26 вазири дигари ҳукумати Туркманистон аз мансаб барканор ва баъзе ба мақомҳои дигар таъйин шудаанд.

Ин бузургтарин тағйироти кадрӣ дар Туркманистон баъди ба қудрат расидани Сардор Бердимуҳаммадов аст. Ӯ моҳи марти имсол раиси ҷумҳурӣ интихоб шуд.

Туркманистон ҳамчунин сафиронашро дар Австрия, Ҷопон, Белгия, Фаронса, Туркия, Озарбойҷон, Украина ва Куриёи Ҷанубӣ иваз кардааст.

XS
SM
MD
LG