Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бигзор маош бетағйир монад, нархи маҳсулотро боло набаранд" ВИДЕО


Баъзе аз сокинон афзоиши 20-дарсадии маошро дар Тоҷикистон дуруст шумурда, вале онро барои харчи моҳона кофӣ намедонанд. Далели онҳо болоравии бесобиқаи нархи маҳсулот дар бозорҳои кишвар будааст.

"Ҳоло маошро нагирифта..."

Дар Тоҷикистон аз якуми июли имсол маоши кормандони буҷавӣ бист дарсад афзуда, ҳадди ақалли музди меҳнат аз 400 сомонии пешина ба 600 сомонӣ (60 доллари амрикоӣ) расид. Афзоиши маоши сокинон дар ҳоле сурат мегирад, ки дар ним соли охир арзиши маҳсулоти ниёзи аввал босуръат боло рафтааст.

Маърифат Одинаева, сокини ноҳияи Файзобод, мегӯяд, дар шароити ҳозира афзудани маошро чандон эҳсос намекунанд. Сабабашро ҳам гуфт: “Фелдшер ҳастам. Дар бемористон аз рӯйи навбатдорӣ маош мегирем. Моҳе ҳафт бор навбат меистам ва 800-900 сомонӣ мегирам. Бигзор, маоши мо ҳамон хел истад, фақат нархи маҳсулотро набардоранд. Ҳоло маошро нагирифтем, вале дар бозор нархро бардоштанд.”

Видеоро дар инҷо бинед:

Маоши кормандони давлатӣ дар Тоҷикистон боло рафт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:36 0:00

Мувофиқи тавсияҳои Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид дар бахши ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, маоши ҳадди ақали кормандон бояд барои ҳама аъзои хонавода сатҳи муносиби зиндагиро таъмин намояд.

Ба қавли баъзе аз коршиносон, боло бурдани маоши кормандони буҷавӣ як бахши барномаи расидагӣ ба мушкилоти иҷтимоии сокинон аст. Вале, ба қавли онҳо, ин барнома бо боло бурдани маош тамом намешавад ва наметавонад пурра масоили иҷтимоии мардумро ҳал кунад.

"Падидаи ҷаҳонӣ"

Иқтисодшинос Баҳром Шарипов гуфт, ҳукумат ба воситаи фишангҳои молиявӣ ва истеҳсолӣ талош дорад, нарх муътадил бимонад: “Дар тамоми ҷаҳон, Амрикову Аврупо ва давлатҳои дигар нархи маҳсулот дар ҳоли афзоиш аст. Ин як падидаи ҷаҳонӣ шудааст. Ва вазифаи мо ба воситаи фишангҳои дохилӣ ташкил кардани фазои мусоид барои истеҳсолкунанда аст. Барои ҳамин, рушди саноат яке аз афзалиятҳои миллӣ аст.”

Таваррум ё беқурбшавии пули сомонӣ ҳам ба тавонмандии сокинон барои хариди молу маҳсулот бетаъсир набудааст. Ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, сатҳи таваррум дар моҳи майи имсол ба 7,5 дарсад баробар гардид ва ба ин раванд бештар болоравии нархи молу маҳсулот таъсир гузошт.

Тибқи иттилои Оҷонси омор, дар Тоҷикистон маоши аз ҳама камтаринро кормандони соҳаи кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал мегиранд. Ба иттилои ин ниҳод, маоши кормандон дар ин бахшҳо ҳудуди 669 сомонӣ аст.

Маоши баландтаринро бар асоси таҳлилҳои Оҷонси омор, кормандони бахши молияву бонкдорӣ мегиранд, ки ҳудуди 4 ҳазору 644 сомониро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG