Дар як соли охир (аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022) нархи хона дар Қазоқистон 26,8 дарсад афзудааст. Кирояи манзил низ дар он кишвар 21 дарсад гарон шуд. Дар Қазоқистон дар як соли охир арзиши маҳсулот ва хидматрасонӣ дар ҳоли афзоиш аст. Ба ҷуз аз арзиши манзил маҳсулоти ниёзи аввал низ дар Қазоқистон гарон мешавад. Ба иттилои расмӣ, аз ибтидои соли ҷорӣ қимати молу маҳсулот 20 дарсад боло рафтааст.