Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз заминларзаи пурқурбонии Ҳоит 73 сол гузашт


Минтақаи рашт, акс аз бойгонӣ
Минтақаи рашт, акс аз бойгонӣ

Ба заминларзаи мудҳиш ва вайронгари Ҳоит дар минтақаи Рашт, шарқи Тоҷикистон, 73 сол пур шуд. Зилзилаи тақрибан ҳаштдараҷаӣ рӯзи 10-уми июли соли 1949 ҳудуди 32 ҳазор нафарро кушта ва ё зери хок беному нишон кард. Аз он пеш бадтарин заминларза дар Тоҷикистон соли 1907 дар Қаротоғ сабт шудааст. Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои зилзилахези қораи Осиё ҷойгир аст ва ҳар сол заминаш садҳо бор меларзад, вале бисёре аз онҳо сустанд ва эҳсос намешаванд.

XS
SM
MD
LG