Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

15 кушта. Ҳамлаҳои Русия ба хонаву дари мардум дар Донетск


Донетск

Дар пайи бархӯрдани мушакҳои “Ураган”-и Русия ба як бинои истиқоматии панҷошёна дар вилояти Донетск, шарқи Украина, 15 кас ҷон бохта, беш аз бист нафар дар зери вайронаҳо мондаанд.

Павло Кириленко, раиси маъмурияти низомии Донетск, гуфт, ҳамла шоми 9-уми июл дар минтақаи Часив Яр сурат гирифт. Дар онҷо 12 ҳазор кас зиндагӣ мекунанд.

Андрей Ермак, раиси дастгоҳи иҷроияи президенти Украина, онро “ҳамлаи дигари террористӣ” донист. Вай афзуд, “билохира, Русия бояд ба унвони "давлати ҳомии терроризм" шинохта шавад.”

Дар Харков, дувумин шаҳри бузурги Украина, ки дар наздикии сарҳад бо Русия воқеъст, низ силсилаи ҳамлаҳои мушакӣ шудааст. Додситонии Харков гуфт, нерӯҳои Русия мушакҳоро 10-уми июл ба мактаб, хонаҳои мардум ва осоишгоҳи кӯдакона сар доданд.

Мақомоти Украина мегӯянд, нерӯҳои Русия рӯзи 10-уми июл ба минтақаҳои наздик ба шаҳри Словянск низ ҳамла карда, аммо маҷбур шудаанд, ақибнишинӣ кунанд.

Сергей Ҳайдай, волии вилояти Луганск, гуфт, нерӯҳои Русия дар деҳаи Билоривка, тақрибан 50-километрии шарқи Словянск, ҷамъ мешаванд.

XS
SM
MD
LG